БАРНОМАИ МИЛЛИИ РУШДИ ИЧТИМОИИ ЧАВОНОН ДАР ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БАРОИ СОЛХОИ 2016-2018
Точикистон аз чихати ахоли дар чахон яке аз кишвархои чавон махсуб меёбад. Ин неруи пешбарандаи чомеа аз солхои аввали Истиклолият ифодагари ифтихори милли ва шукргузор аз истиклолияти давлат мебошад.
Ояндаи давлату миллати мо ба насли чавон мансуб буда, махз чавонон – дар байни дигар табакахои ахоли бештар фаъол, инчунин умеду такягохи давлат мебошанд.
Дар Паёми Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 23 январи соли 2015 кайд гардидааст, ки Хукумат гамхориро нисбат ба наврасону чавонон минбаъд низ идома бахшида, ба ин неруи тавонои кишвар, ки марзу буми Точикистонро химоя мекунад, кишварро ободу зебо мегардонад ва номи ватани ачдодиро боз хам баланд мебардорад, хамеша такя менамояд”.
Вокеан, сатхи рушд ва нуфузи хар як кишвар дар арсаи байналмилали пеш аз хама ба он вобаста аст, ки чавонон то чи андоза дорои маърифати сиёсиву фарханги ва ихтисосу дониши муосир буда, хадафу вазифахои худро вобаста ба бунёди давлати хукукбунёд, демократи ва дуняви дарк менамоянд.
Дар давоми 24 соли Истиклолияти давлати Хукумати Чумхурии Точикистон бо максади баланд бардоштани накши чавонон дар чомеа, фаъолгардонии макоми онхо дар хаёти ичтимоиву иктисодии кишвар тадбирхои амали андешида истодааст. Дар ин муддати кутох вобаста ба хифзи хукукхои чавонон, чихати халли масъалахои мухими хаёти онхо, инчунин татбики босамари сиёсати давлатии чавонон як катор санадхои меъёрии хукуки, аз чумла Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи чавонон ва сиёсати давлатии чавонон”, Консепсияи миллии сиёсати чавонони Точикистон, Стратегияи сиёсати давлатии чавонон дар Чумхурии Точикистон то соли 2020, Барномаи давлатии тарбияи ватандустии чавонон дар Чумхурии Точикистон, Барномаи рушди саломатии чавонон дар Чумхурии Точикистон, Барномаи миллии рушди ичтимоци чавонон кабул гардиданд, ки татбики онхо боиси хеле боло гардидани накши чавонон дар хаёти чомеа гардид.
Дар баробари санадхои меъёрии хукукии сохави як катор конунхо, консепсияхо ва барномахо дар сохахои ичтимоию иктисоди кабул ва амали мегарданд, ки бевосита ё бавосита барои татбики сиёсати давлатии чавонон мусоидат менамоянд. Кабули конунхои Чумхурии Точикистон “Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимхо дар Чумхурии Точикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” мисоли равшани ин гуфтахо мебошад.
Дар ин росто, кабул гардидани Барномаи миллии рушди ичтимоии чавонон дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2016-2018 (минбаъд – Барнома) такозои чомеа буда, идомаи тадбирхои Хукумати кишвар мебошад.
Мусаллам аст, ки таваччух ва гамхории Хукумати Чумхурии Точикистон нисбат ба чавонон руз аз руз зиёд мегардад. Зеро дар замони бархурди тамаддунхо ва муковимат ба даъвату тазодхои чахони муосир, насли чавон ягона василаи устувор ва сарватест, ки метавонад дар раванди инкишофи худ ба муваффакият ноил гардад.
Яке аз хусусиятхои мухими Барномаи мазкур дар он аст, ки самтхои асоси бо дарназардошти талаботи замон ва чомеаи муосир тархрези гардидааст. Дар ин замина метавон масъалахои вобаста ба мустакилияти иктисодии чавонон, рушди сохибкори миёни онхо, баланд бардоштани маърифати хукуки, хисси ватандустиву ватанпарасти, иштироки чавонон дар хаёти ичтимоиву иктисоди, шуглнокии чавонон, тахсилоти муносиб барои чавонон, таъминоти ичтимоии чавонон, дастгирии ташаббуси иттиходияхои чамъиятии чавонон, мусоидат ба рушди харакати чамъиятии чавонон, ташаккули тарзи хаёти солим миёни насли наврас ва дигар мушкилоти бехад мухими чавононро мисол овард.
Имруз чавонони кишвар дар мархилае кору зиндаги доранд, ки дар баробари фарохам будани шароити мусоид чихати худтакмилдихи ва инкишоф, як катор мушкилотхое низ садди рохи зиндагии онхо гаштааст.
Комментарии
Отправить комментарий