об
Обу ободонӣ гуфтаанд. Дар ҳақиқат об неъмати ҳаётан муҳим барои ҳар як мамлакат ва сокинони он мебошад. Одамон аз замони қадим инҷониб тақдири худро бо об вобаста кардаанд. Маҳз аз давраҳои қадимтарин одамон дар соҳилҳои бузурги дарёҳои Нил, Сиру Омӯ, Миссисипӣ, Волга, Рейну Дунай, Гангу Брахмапутра мезистанд, барои ризқу рӯзии худ кишту кор мекарданд.Агар ба таьрихи муборизаи халқҳо нигарем барои ба даст овардани об чи андоза пурфоҷиа ва мураккаб будааст. Ба лӯлаҳои махсус аз Хитой ба Гонконг об бурдаанд. Бо оби овардашуда аксар ноҳияҳои Африқои Шимолӣ ва нимҷазираи Арабистон зиндагӣ мекунанд. Норасоии обро имрӯз аз се як ҳиссаи аҳолии сайёра ҳис мекунад. Дар Тоҷикистон тақрибан 1300 кӯл бо масоҳати умумии 705км.кв мавҷуд аст. Кӯлҳои бузург асосан дар Помир мавҷуданд. 73% кӯлҳои Тоҷикистон дар кӯҳҳои Помиру Олой дар баландии аз 3500то 5000м. аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд.
Комментарии
Отправить комментарий